Август 16, 2018 15:51 Asia/Dushanbe
  • ФИФА: Тими футболи Эрон дар раддаи аввали Осиё ва 32-уми ҷаҳон

Бар асоси охирин раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), тими Эрон дар раддаи 32-уми ҷаҳон ва аввали Осиё қарор гирифт.

ФИФА рӯзи панҷшанбе нахустин раддабандии тимҳои футболи ҷаҳон пас аз  Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русияро эълом кард.

Бар асоси ин раддабандӣ, тими футболи Фаронса бо 1726 имтиёз дар раддаи нахусти ҷаҳон ва тими футболи Эрон бо 1471 имтиёз дар раддаи 32-уми ҷаҳон қарор гирифт ва дубора тавонист, раддаи нахусти Осиёро ба даст биовард.

Бар асоси раддабандии ФИФА, тимҳои Белгия, Бразилия, Хорватия, Уругувай, Англия, Португалия, Швейтсария, Испания ва Дания дар радаҳои дуввум то даҳуми бартарин тимҳои футболи ҷаҳон қарор гирифтанд.

Тимҳои футболи Эрон, Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ дар раддабандии ФИФА, ба унвони панҷ тими бартари Осиё, қарор гирифтанд.

Тими футболи Эрон дар раддабандии қаблии ФИФА бо 708 имтиёз, дар раддаи 37-уми ҷаҳон ва дуввуми Осиё қарор дошт.

 

Барчасп