Август 19, 2018 11:21 Asia/Dushanbe
  • Боздиди фармондеҳи сипоҳи Қудси Эрон аз проекти саҳни ҳазрати Заҳро дар Наҷаф

Генерал Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз проекти сохти саҳни ҳазрати Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) дар тарҳи тавсеаи ҳарами мутаҳҳари алавӣ дар шаҳри Наҷаф (Ироқ), боздид кард.

Генерал қосими Сулаймонӣ ҳамчунин дар ин боздид бо ҳузур дар ҷамъи авомили иҷроии ин тарҳ аз заҳамоти дастандаркорон ва ҳимоятҳои модӣ ва маънавии хайрин ва нозирон таҷлил ва қадрдонӣ кард.

Дар ин боздид, Ҳасан Палорак, раиси ситоди бозсозии атабот олиёт раванди иҷроии проекти сохти саҳни ҳазрати Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) дар тарҳи такмили тарҳи тавсеаи ҳарами мутаҳҳари алавӣ дар Наҷафро гузориш дод.

Саҳни ҳазрати Заҳро (саломуллоҳ алайҳо), ки бо гунбади ҳарами ҳазрати Алӣ (раз.) нисбат қарина дорад, бо меъмории асил ва зебо ва зарфияти 100 ҳазор зоир, таҳаввуле дар фазоҳои зиёрати атаботу олиёт ба шумор меравад.

Саҳни ҳазрати Заҳро (саломуллоҳ алайҳо), ки номи он пас аз таъйиди Оятуллоҳ Систонӣ, таъйин шуд, шомил мӯзе, китобхона, меҳмонсаро ва ресторан, шабистон ва сохтмони идорӣ ва фарҳангӣ аст.