Иди саиди Қурбон муборак бод!
(last modified Tue, 21 Aug 2018 06:33:29 GMT )
Август 21, 2018 11:33 Asia/Dushanbe
  • Иди саиди Қурбон муборак бод!

Сешанбеи 21 – уми август дар Тоҷикистон ва чаҳоршанбеи 22 – юми август (даҳуми зилҳаҷҷа) дар Эрон рӯзи иди саиди Қурбон аст.

Дар иди саиди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёрати хонаи Худо шитофтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи паёмбари бузурги илоҳӣ - ҳазрати Иброҳим (а) - ро зинда медоранд.

Иди Қурбон - иди фидокорӣ, азхудгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст.

Мусалмонони ҷаҳон рӯзи даҳуми зилҳаҷҷаро ба унвони як иди бузург ва пуршукуҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ ба даргоҳи Худованди бузургро меомӯзанд.

Дар Тоҷикистон субҳи имрӯз намози иди Қурбон дар масҷидҳои саросари ин кишвар баргузор шуд.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе низ намози иди Қурбон дар саросари Эрон баргузор хоҳад шуд.

Сайт ва радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯяд.