Зариф: Мавзеи Эрон дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ зидди Амрико, бисёр қавӣ аст
(last modified Fri, 24 Aug 2018 12:59:37 GMT )
Август 24, 2018 17:59 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Мавзеи Эрон дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ зидди Амрико, бисёр қавӣ аст

Вазири умури хориҷаи Эрон мавзеи Теҳрон дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Гаага) алайҳи Амрикоро бисёр қавӣ, унвон кард ва гуфт, амрикоиҳо ба думболи доман задан ба корҳои таблиғотӣ ҳастанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба шикояти Эрон аз Амрико ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ба далели эъмоли муҷаддади таҳримҳои ғайриқонунӣ, тасреҳ кард, Эрон баъд аз хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ ва эъмоли таҳрими муҷаддад бар пояи Аҳдномаи маваддат ва равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқи консулии соли 1955, шикояте аз Амрико дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ танзим кардааст.

Зариф афзуд, ҳарчанд амрикоиҳо баъд аз хурӯҷ аз БАРҶОМ мавзӯи музокираи муҷаддадро матраҳ карданд, аммо амрикоиҳо пеш аз ин нақз, аҳд карданд ва Эрон ба мӯҷиби қарордоди 1955 иқдомоти лозимро анҷом додааст.

Амрико ба муҷиби Аҳдномаи маваддат ва равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқи консулии соли 1955 мутааҳҳид шуда буд, бо атбои эронӣ рафтори мунсифона дошта бошад ва монеъ аз муровидоти пулӣ ва бонкӣ нашавад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳаштуми майи 2018 бо такрор иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хурӯҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зидди Эронро эълом кард.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Гаага), 24 июл тайи номаи расмӣ хитоб ба Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико, зимни эъломи замони расидагӣ ба шикояти Эрон алайҳи Амрико дар 27 августи 2018, ба давлати Вашингтон ҳушдор дод аз ҳар гуна иқдоми ҷадид дар хусуси бозгашти якҷонибаи таҳримҳо зидди Эрон, иҷтиноб кунад.