Август 26, 2018 08:28 Asia/Dushanbe
  • Аз саргири содироти ҷараёни барқи Эрон ба Ироқ, Покистон ва Афғонистон

Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз саргирии содироти ҷараёни барқи Эрон ба кишварҳои ҳамсояи Ироқ, Покистон ва Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Ардакониён рӯзи (шанбе) дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон, гуфт, содироти ҷараёни барқи Эрон пас аз бартараф шудани мушкили хомӯшиҳо дар дохили Эрон ба кишварҳои ҳамсояи Ироқ, Афғонистон ва Покистон оғоз шудааст.

Ардакониён афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тааҳҳудоти худ дар мубодилоти энержӣ бо кишварҳои ҳамсоя, амал мекунад.

Вазири нерӯи Эрон дар мавриди дархостҳо аз Ироқ дар хусуси содироти ҷараёни барқ гуфт, рақами қобили мулоҳизаи дархостҳои анбошт шуда вуҷуд дорад, аммо дар айни ҳол, тарафи ироқӣ пардохти ин дархостҳоро оғоз кардааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли гузашта, ҳудуд 6 миллиарду ҳафт миллион киловатт /соат барқ ба кишварҳои ҳамҷавори шомили ҷумҳурии Озарбойҷон, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Арманистон, Туркия ва Ироқ содир кардааст.

 

Барчасп