Вокуниши Эрон ба изҳороти дабири кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба изҳороти дабири кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба вай тавсия кард, барои кашфи ҳақоиқи иллатҳои фоҷеаи Мино ҷиҳати ташкили як ҳайати ҳақиқатёби байналмилалӣ ва исломӣ талош карда, Риёзро аз монеатарошӣ дар роҳи ташкили он боздорад.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", Баҳроми Қосимӣ рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба мавзеъгирии ҷонибдоронаи ахири дабири кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар хусуси фоҷеаи Мино таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ёдоварии ҳодисаи ғамангезу фаромӯшношудании Мино ба дабири кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс мӯътақид аст, он чӣ дар мавсими ҳаҷи соли гузашта бар ҳоҷиҳои хонаи Худо гузашт, бекифоятӣ ва нотавонии ҳокимони Оли Саудро дар мудирияти ҳаҷ ба хубӣ ошкор сохт. Ӯ афзуд, фарофикании ҳокимони Оли Сауд ва дабири кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс рафъкунандаи масъулияти онон дар қиболи хунҳои ноҳақ рехташудаи ҳазорон мусалмон аз саросари ҷаҳон дар фоҷеаи Мино ва пӯшонандаи бекифоятии Оли Сауд дар мудирияти ҳаҷ нест.
Қосимӣ таъкид кард, пойбандӣ ба арзишу усули дини мубини Ислом ва муҳаббате, ки Абдулатиф Заёнӣ ба он ишора карда, бо амали эшон дар ҳимоят аз ҳокимоне, ки бо бекифоятии худ уммати Исломро доғдор карданд, дар тазоди ошкор аст.
Ҳазорон зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ рӯзи Иди Қурбони соли гузашта (24 сентябр 2015) дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамин Мино ба далели ноуҳдабароии масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.