Ғарибободӣ: Тангаи Ҳурмуз фақат бо фармони Эрон баста ва боз мешавад
Порс Тудей - Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири умури хориҷаи Эрон дар посух ба изҳороти густохонаи Доналд Трамп дар мавриди тангаи Ҳурмуз тасреҳ кард, тангаи Ҳурмуз фақат бо фармони Эрон баста ва боз мешавад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Козими Ғарибободӣ, муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаи Х навишт: «Трамп гуфта, баъд аз шикасти Эрон, ба зуддӣ тангаи Ҳурмузро қаламрави Амрико эълом хоҳад кард!»
Вай афзуд: «Тангаи Ҳурмузро на бо паём метавон тасоҳуб кард ва на бо нови ҳавопаймобар, на бо судӯри фармон ва на бо суханронии интихоботӣ. Эрон на аз таҳдид меҳаросад ва на бо намоиши қудрат маръӯб мешавад.»
Ғарибободӣ таъкид кард: Якбор барои ҳамеша воқеиятро бипазиред: то инҷо, шикастҳои роҳбурдӣ ва сангине хӯрдед; тангаи Ҳурмуз, эронӣ буда, ҳаст ва хоҳад буд, ин танга фақат зайли фармони Эрон баста ва боз хоҳад шуд ва модоме, ки воқеияти шикастро напазиред ва даст аз авҳомпардозӣ барнадоред, Эрон ба эъмоли муҳосира идома хоҳад дод.