Август 28, 2018 13:35 Asia/Dushanbe
  • Посухи Рӯҳонӣ ба саволоти иқтисодии намояндагони маҷлиси Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои посухгӯӣ ба саволоти иқтисодии бархе аз намояндаҳо субҳи имрӯз дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳузур ёфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар ҷаласаи савол аз раисҷумҳур дар саҳни алании Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон пеш аз посух ба саволҳо гуфт: «Ҳеҷ кас фикр намекунад, посухгӯ будан заъф аст. Ҳама масъулони Эрон бояд дар чорчӯби вазоифи худ ва қонун посухгӯ бошанд». Рӯҳонӣ афзуд, давлат талош хоҳад кард, тавтеаҳои Амрико алайҳи низоми ҷумҳурии исломиро хунсо кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар идома ба саволоти иқтисодии ҷамъе аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар мавриди муваффақ набудани давлат дар контроли қочоқи коло ва арз, идома ёфтани таҳримҳои бонкӣ, адами иқдоми шоистаи давлат дар бораи коҳиши бекорӣ, рукуди иқтисодӣ ва афзоиши шитобони нархи арзҳои хориҷӣ посух дод.

Тибқи асли 88-и Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ‎‎дар ҳар мавриде ки ҳадди ақл аз чор як қисми кулли намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ аз раисҷумҳур савол кунанд, раисҷумҳур муваззаф аст, дар маҷлис ҳозир шавад ва ба суоли намояндагон посух диҳад.

Бар асоси оинномаи дохилии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, панҷ саволи намояндагон аз Рӯҳонӣ ба сурати ҷудогона ба раъй гузошта шуд, ки намояндагон аз посухи Рӯҳонӣ дар заминаи идома ёфтани таҳримҳои бонкӣ қонеъ шуданд, аммо аз посухҳои ӯ ба чаҳор саволи дигар қонеъ нашуданд. Бар ин асоси оинномаи дохилии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, чунончи, аксарияти намояндагони ҳозир дар ҷаласа аз посухи раисҷумҳур ба саволе қонеъ нашуда бошанд, он савол ба қувваи қазоияи Эрон ирсол мешавад.