Август 31, 2018 21:40 Asia/Dushanbe
  • Милоди Имом Мӯсо Козим (а) муборак бод

Фардо шанбе бистуми зилҳаҷҷаи 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо аввали сентябри 2018, солрӯзи вилодати ҳазрати Имом Мӯсо Козим (а), аз наберагони гиромии Расули Акрам (с) аст.

Имом Мӯсо Козим (а) 20 зилҳаҷҷаи соли 128 ҳиҷрии қамарӣ дар рустои Абво, воқеъ дар байни Макка ва Мадина мутаваллид шуданд.

Падари эшон, ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.

Имом Мӯсо Козим (а) дар илм, тавозӯъ ва касрати садақот, саховат ва бахшандагӣ, шӯҳрати хоссе доштанд.

Имом Мӯсо Козим (а) бо ҷамъ ривоёт, аҳодис, аҳком ва эҳёи сунани падари гиромиашон, имом Ҷаъфари Содиқ (а) ва низ таълим ва иршоди мусулмонон, Исломи ростинро, ки бо таолим ва муҷоҳидатҳои падар гиромии эшон, ҷаҳон назм ва истеҳком ёфта буд, ҳифз ва тақвият кард.

Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи вилодат, бо ҳузур дар масоҷид ва дигар амокини мазҳабӣ, оинҳои солрӯзи вилодати имом Мӯсо Козим (а)-ро баргузор мекунанд.

Радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати имом Мӯсо Козим (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.