Дархости чанд эйрлайни аврупоӣ барои парвоз ба Эрон
(last modified 2018-09-02T12:17:39+00:00 )
Сентябр 02, 2018 17:17 Asia/Dushanbe
  • Дархости чанд эйрлайни аврупоӣ барои парвоз ба Эрон

Қоим мақоми Созмони ҳавопаймоии Эрон аз дархости чанд ширкати аврупоӣ барои барқарории хутути парвозӣ ба Эрон хабар дод.

Ораши Худоӣ, қоим мақоми Созмони ҳавопаймоии Эрон афзуд: Санъати ҳамлу нақли ҳавоии Эрон, зарфиятҳои зиёде дорад, ки бо хуруҷи бархе аз ширкатҳои ҳавоӣ аз он, мушкиле барои мусофирон дар масирҳои байналмилалӣ ба вуҷуд намеояд.  

Вай тасреҳ кард: Ҳарчанд бархе аз ширкатҳои ҳавоӣ ба далоили тиҷорӣ эълом кардаанд, ки парвозҳои худро ба Эрон лағв мекунанд, аммо ҷаззобияти бозори Эрон сабаб шуда, бисёре аз ширкатҳои ҳавоӣ аз ҷумла аврупоӣ барои ҳузур дар ин бозор алоқаманд шаванд.

 

Барчасп