Сентябр 04, 2018 14:09 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз Эрон

Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз иқдомоти ҳимоятии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи паноҳандагони хориҷӣ истиқбол кард.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, Флипо Гранди рӯзи сешанбе дар боздид аз бахшҳои мухталифи омӯзишии Маркази омӯзиши фаннӣ - ҳирфаии “Наҷма” - и Машҳад гуфт, хушбахтона сатҳи омӯзиш ва имконоти дар ихтиёр қобили эътино аст ва масъулони маҷмӯа дар омода кардани нерӯи инсонӣ барои вуруд ба бозори кор ҳиммати шоистае доранд.

Вай аз мизбонии саховатмандонаи Эрон аз паноҳандагон қадрдонӣ кард ва афзуд, имрӯз дунё ба суръат дар ҳоли навоварӣ дар риштаҳои гуногуни фаннӣ аст, аз ин рӯ бояд ҳунарҷӯён ба фикри халлоқият ва ҷаззобият дар тавлид бошанд.

Муҳаммади Аҷамӣ, мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии устони Хуросони Разавии Эрон ҳам дар ин боздид бо ишора ба истиқболи хуби паноҳандагон аз омӯзишҳои корбурдӣ дар риштаҳои гуногуни фаннӣ ибрози умедворӣ кард, бо ҳимоятҳои ҷомеаи байналмилалии муртабит, назири Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, ҳимоятҳои шуғлӣ ва рифоҳи паноҳандагон дар Эрон афзоиш ёбад.