Сентябр 04, 2018 18:30 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили волии Ҳирот аз меҳмоннавозии Эрон аз муҳоҷирони афғонистонӣ

Волии Ҳироти Афғонистон гуфт, дар 40 соли ахир давлат ва мардуми шарифу меҳмоннавози Эрон аз муҳоҷирони афғонистонӣ пазироӣ кардаанд, ки ҳаракате қобили ситоиш аст.

Муҳаммадосифи Раҳимӣ сешанбе дар бадви вуруд ба Эрон дар марзи Дуғоруни Тойбод дар устони Хуросони Разавии Эрон гуфт: Мардум ва давлати Эрон бо вуҷуди мушкилоташон аз муҳоҷирони афғонистонӣ ҳимоят карданд ва бо ҳимояти мардум ва масъулони Эрон, ҳаминак равобити хубе байни Эрон ва Афғонистон барқарор аст.

Вай афзуд: Давлати Афғонистон ва вилояти Ҳирот ҳамвора дар паи касби таҷруба аз давлати ҷумҳурии исломии Эрон ҳастанд, то битавонанд таҷрубиёти ба дастомадаро дар заминаҳои мухталиф дар Афғонистон амалиётӣ кунанд.

Волии Ҳирот таи сафари дурӯза ба Эрон илова бар дидор бо устондори Хуросони Разавӣ, бо фаъолони иқтисодии ин устон низ дидор ва дар бораи масоили иқтисодии дуҷониба табодули назар хоҳад кард.

Вилояти Ҳирот севумин устони Афғонистон бо масоҳати ҳудуди 55 ҳазор километри мураббаъ ва як миллиону 800 ҳазор нафар ҷамъият дар ғарби он кишвар ва дар марзи шарқии Хуросони Разавии Эрон қарор дорад.

 

Барчасп