Вуруди як миллион зоири эронӣ ба хоки Ироқ
Вазорати умури дохилии Ироқ аз вуруди як миллион зоири эронӣ ба хоки ин кишвар хабар додааст.
Мудири кулли гузаргоҳҳои марзӣ дар Вазорати умури дохилии Ироқ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, як миллион зоири эронӣ барои ширкат дар маросими зиёрати арафа аз тариқи марзи Зарботия вориди хоки Ироқ шуданд. Сарлашкар Самӣ Судонӣ гуфт, танҳо аз тариқи марзи Зарботия - Меҳрон дар вилояти марзии восит дар шарқи Ироқ як миллион зоири эронӣ вориди Ироқ шуданд. Ӯ афзуд, зоирони эронӣ бо ҳузур дар ҷавори ҳарами Имом Ҳусейн ва Абулфазли Аббос дар Карбало имсол маросими зиёрати арафа баргузор мекунанд.
Расонаҳои Ироқ пас аз эъломи ин хабар гуфтанд, режими Арабистони Саудӣ имсол ҳоҷиҳои эрониро аз ширкат дар маносики ибодии ҳаҷ маҳрум кард ва ба ҳамин далел зоирони эронӣ тарҷеҳ додаанд, дар канори ҳарами сайиди шуҳадо Абуабдуллоҳ Ҳусейн ва бародари бузургавораш Абулфазли Аббос маросими зиёрати арафаро баргузор кунанд.