Сентябр 07, 2018 18:24 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ дар нишасти сеҷонибаи Теҳрон: Дахолати Амрико дар Сурия бояд поён ёбад

Раисиҷумҳури Эрон дар нишасти сеҷонибаи раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия дар Теҳрон, таъкид кард, дахолати ғайриқонунии Амрико дар Сурия, бояд фавран поён ёбад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа дар нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия, ки бо мавзӯи музокироти сулҳ дар Сурия, таҳаввулот ва ояндаи ин кишвар, ки дар Теҳрон баргузор шуд, зимни хушомад ба Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон афзуд, иҷлоси имрӯз дар идомаи талошҳои муваффақи се кишвар дар чорчӯби раванди Остона барои рӯёрӯии муассир бо терроризм ва поёни буҳрони Сурия бар асоси хостаи аксарияти мардуми ин кишвар баргузор мешавад.

Рӯҳонӣ бо адои эҳтиром ба рӯҳи баланди тамомии шаҳидони роҳи мубориза бо терроризм ва арҷ ниҳодан ба талошҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ барои фурӯнишондани оташи ҷанг дар Сурия, гуфт, талоши мо дар тӯли солҳои гузашта ва бавижа пас аз мутамаркиз шудани фаъолиятҳо дар чорчӯби раванди Остона, ҳамвора бар мабнои осонсозии раванди гуфтугӯи «сурӣ-сурӣ» ва ташвиқи давлат ва мухолифон барои пайвастан ба ин раванд будааст.

Рӯҳонӣ бо ишора ба шароити устони Идилби Сурия гуфт, мубориза бо терроризм дар Идилб бахши иҷтинобнопазир аз маъмурияти бозгардондани сулҳу субот ба Сурия аст; Аммо набояд ин мубориза ба ғайринизомиён осеб расонда ва мунҷар ба эъмоли сиёсати сарзамини сӯхта шавад.

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, ҳеҷ тарҳе барои мубориза бо терроризм наметавонд бидуни таваҷҷуҳ ба решаҳои пайдоиши он, тарҳи комиле бошад.

Рӯҳонӣ афзуд, мусаббибон (сабабгорон)-и ишғол, терроризм, таҷовуз, мудохилаи хориҷӣ ва табъиз ҳамчун Амрико ва режими саҳюнистӣ ва бархе дигар аз ҳомиёни терроризм, наметавонанд бо ҷанҷолофаринӣ ва ғавғосолорӣ ҷойгоҳи худро аз муттаҳам ба муддаӣ тағйир диҳанд.

Рӯҳонӣ бар зарурати поён ёфтани мудохилаи ғайриқонунии Амрико дар Сурия ва ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар Сурия, таъкид кард ва гуфт, дахолатҳои ғайриқонунии Амрико дар Сурия бо ҳеҷ як аз қоидаҳои байналмилалӣ созгор нест ва бар мушкилоти мавҷуд дар он кишвар, меафзояд ва раванди дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар Сурияро бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад.

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, дар ояндаи Сурия, танаввӯи мавҷуди қавмӣ ва мазҳабии ҷомеаи Сурия бояд ба-дур аз фишор, таҳдид, ва ё мудохилаи бегонагон мавриди мулоҳиза ва эҳтиром қарор гирад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин кумак ба бозгашти оворагон ва бозсозии Сурияро ду мавзӯи муҳим донист, ки бояд дар дастури кори ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирад.

Нишасти сеҷонибаи рӯзи ҷумъаи Теҳрон, дар идомаи ду нишасти қаблии се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар Сочи ва Анкара бо ҳадафи баррасии ҳамкории минтақаӣ барои истиқрори субот ва амният дар Сурия аст.

 

Барчасп