Сентябр 07, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Путин ба дархости Эрдуғон барои оташбас дар Идлиб

Раисиҷумҳури Русия ба дархости Эрдуғон барои оташбас дар Идлиб, вокуниш нишон дод.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар вокуниш ба дархости Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар нишасти Теҳрон барои оташбас дар Идлиби Сурия, гуфт, дар ин нишаст террористҳо намоянда надоранд.

Путин афзуд, дар нишасти Теҳрон гурӯҳҳои террористӣ намоянда надоранд ва бино бар ин наметавон аз тарафи онҳо барои оташбас тавофуқ кард. Эрдуғон ҳам дар посух ба Путин гуфт, манзураш ин аст, ки аз онҳо даъват шавад то силоҳҳоро ба замин бигузоранд.

Сарони Эрон, Русия ва Туркия дар баёниаяе муштарак, ки рӯзи ҷумъа дар поёни нишасти сеҷонибаи Теҳрон содир шуд бар азми худ бар идомаи ҳамкорӣ барои нобудии ниҳоии ДИИШ, Ҷабҳат ун Нусра ва тамомии гурӯҳҳо, ташаккулҳо ва мавҷудиятҳои вобаста ба Алқоида ё ДИИШ дар Сурия, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид онҳоро террористӣ ташхис додааст, таъкид карданд.