Сентябр 08, 2018 11:00 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Руҳонӣ ва Путин  бар густариши ҳамкориҳои Эрон ва Русия

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва раиси ҷумҳурии Русия дар ҳошияи иҷлоси сеҷонибаи Теҳрон бо якдигар дидор ва бар зарурати тавсеъа ва мустаҳкам кардани равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалии Теҳрон-Маскав таъкид карданд.

Ҳасани Руҳонӣ асри ҷумъа дар дидор бо Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия бо ишора ба равобити дустона ва ру ба густариши ду кишвар ба вижа дар солҳои ахир, изҳор кард: Хушбахтона муносибот ва ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар чорчуби равобити роҳбурдии ду кишвар буда ва имрӯз эътимод ва итминони ду давлат барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар таърихи равобити онон бесобиқа аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ибрози хурсандӣ аз баргузории муваффақи севвумин иҷлоси сарони Эрон, Русия ва Туркия дар чорчуби раванди Остона дар бораи буҳрони Сурия, гуфт: шояд чанд сол пеш ҳеҷ сиёсатмадоре бовар намекард, ки ин се кишвар битавонанд дар бораи мушкиле минтақаӣ чунин нақшофаринии таъсиргузор ва мусбате дошта бошанд.

Руҳонӣ ҳамчунин бо таҷлил аз нақши Русия дар ба самар нишастан ва пойдории БАРҶОМ, гуфт: ба рағми хуруҷи ғайриқонунӣ ва яктарафаи Амрико аз ин тавофуқ умедворем дигар тарафҳо аз он қотиона ва амалан ҳимоят карда ва вазифаҳояшонро комил иҷро кунанд.

Владимир Путин  раиси ҷумҳури Русия низ дар ин дидор бо тақдир аз меҳмоннавозии Эрон ва баргузории шоистаи иҷлоси сеҷонибаи Теҳрон, муносибот ва ҳамкориҳои Теҳрон-Маскавро дар бахшҳои мухталифи тиҷорӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, энержӣ, ҳастаӣ ва зерсохтӣ мусбат арзёбӣ кард.

Раиси ҷумҳури Русия бо таъкид бар лузуми ҳифзу пойдории БАРҶОМ ва пойбандии тарафҳо бар таъаҳудоташон афзуд: Русия ба дунболи машварат ва ройзанӣ бо тарафҳои БАРҶОМ барои ёфтани роҳҳои ҳифзу тавсеъаи равобити иқтисодӣ бо Эрон дар чорчуби БАРҶОМ аст ва ин гуфтугуҳоро дар ҳошияи маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид идома хоҳад дод.

Раиси ҷумҳури Русия бо ишора ба зарурати тавсеъаи ҳамкориҳои бонкии ду кишвар ва анҷоми мубодилаҳои тиҷорӣ бо истифода аз пулҳои миллӣ изҳор кард: ширкатҳои русӣ ба ҳеҷ унвон аз сармоягузорӣ дар прожаҳои Эрон сарфи назар нахоҳанд кард.

Барчасп