Сентябр 13, 2018 17:14 Asia/Dushanbe
  • Содироти ду миллиард долларии маҳсулоти газии Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар панҷ моҳи гузашта, беш аз ду миллиард доллар маҳсулоти газӣ ба кишварҳои ҳадаф содир кардааст.

Бар асоси тозатарин омори гумруки Эрон аз тиҷорати хориҷӣ, дар панҷ моҳи гузашта, чаҳор миллиону 167 ҳазор тон фаровардаҳои газӣ аз Эрон ба кишварҳои ҳадаф содир шудааст, ки арзиши содироти ин мавод ба ду миллиарду 169 миллион доллар мерасад.

Содироти маҳсулот (фаровардаҳои) газии Эрон дар ин муддат аз лиҳози вазнии 9 дарсад ва аз лиҳози арзиши 11.23 дарсад аз арзиши куллии содироти Эронро ба худ ихтисос додааст.

 

Барчасп