Сентябр 15, 2018 08:55 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар ОПЕК: Амрико наметавонад арзаи нафти Эронро ба сифр бирасонад

Намояндаи Эрон дар ҳайати Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) бо ишора ба нотавонии тавлидкунандагон дар рафъи камбуди нафт гуфт, Амрико ба ҳадафи худ дар хусуси ба сифр расонидани содироти нафти Эрон намерасад.

Ба гузориши “Рейтерз”, Ҳусайн Козимпури Ардабилӣ афзуд, Амрико барои ба сифр расонидани содироти нафти Эрон бо душворӣ мувоҷеҳ мешавад. Зеро бозори нафт ва тавлидкунандагони нафти рақиби Эрон наметавонанд камбуди нафт аз ҳисоби таваққуфи арзаи нафти Теҳронро ҷуброн кунанд.

Намояндаи Эрон дар ОПЕК изҳор дошт, ҳеҷ зарфияти мозоде барои тавлиди нафт дар ҳеҷ кишвари дигаре вуҷуд надорад.

Вай ҳамчунин дар бораи ин ки тавлидкунандагони умдаи нафт битавонанд бар тавлиди худ биафзоянд, ибрози шакку тардид кард.

Коҳиши арзаи нафт боиси афзоиши қимати нафти хом шудааст, ба наҳве, ки қимати ҳар бушка нафти хом дар ин ҳафта аз марзи ҳаштод доллар убур кард, ки болотарин қимати нафт аз моҳи май ба шумор меравад.

Давлати Амрико 20 – уми августи соли ҷорӣ эълом кард, 11 миллион бушка аз захоири изтирории нафти хоми худро ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати нафти пешомада аз сиёсатҳои таҳримии ин кишвар алайҳи Эрон ба фурӯш мерасонад.

Амрико пас аз хуруҷ аз Барҷом аз муттаҳидонаш дархост кард, ба унвони бахше аз таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Теҳрон, воридоти нафт аз Эронро ба сифр бирасонанд.

 

Барчасп