Сентябр 16, 2018 14:39 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии волейболи занони Эрон бар Қазоқистон

Тими миллии волейболи занони Эрон дар нахустин мусобиқаи Ҷоми конфедератсия Осиё муқобили Қазоқистон ба пирӯзӣ расид.

Ба гузориши ИРНА, рақобатҳои волейболи Ҷоми конфедератсия занони Осиё аз имрӯз дар Тайланд оғоз шуд.

Пирӯзии 3 бар 2 тими милли волейболи занони Эрон муқобили Қазоқистон, ки аз муҳимтарин рақиби тими Эрон дар рақобатҳои Ҷоми конфедератсияи Осиё буд, гоми бузург ва муассир дар ҷиҳати сууди ҳар чӣ беҳтар ба давраи баъдии ин рақобатҳо маҳсуб мешавад.

Тими милли волейболи занони Эрон дар дувумин мусобиқаи худ фардо бо тими Филипин мусобиқа мекунад.

Мусобиқоти Ҷоми конфедератсияи волейболи занони Осиё то 23 сентябр идома дорад.