Африқои Ҷанубӣ дар садади тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон
Ройзани бозаргони сафорати Африқои Ҷанубӣ дар Эрон, бо баёни ин ки ду кишвар зарфияти зиёде барои тавсеаи равобити иқтисодӣ доранд, таъкид кард, фурсатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Африқои Ҷанубӣ ва Эрон бояд тавассути фаъолони иқтисодӣ шиносоӣ шавад.
Сара Дэн (Sara Dien) имрӯз (душанбе) дар нишаст бо фаъолони иқтисодии устони Мозандарон (шимоли Эрон), бо баёни инки ҳавзаи кишоварзии устони Мозандарони Эрон шабоҳати зиёде бо Африқои Ҷанубӣ дорад, афзуд, Мозандарон дорои зарфиятҳои хубе дар ҳавзаи маъдан низ аст ва Эрон ва Африқои Ҷанубӣ метавонанд дар ин ҳавза, бо ҳам таомули матлубе дошта бошанд.
Вай ҳамчунин бо ишора ба равобити сиёсии хуби Эрон ва Африқои Ҷанубӣ гуфт, Эрон ва Африқои Ҷанубӣ дар канори ҳам хоҳанд монд.
Дар миёни кишварҳои африқоӣ, Африқои Ҷанубӣ бештарин мубодилоти тиҷориро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад.