Сентябр 17, 2018 16:29 Asia/Dushanbe
  • Зарурати истодагии кишварҳои мустақил дар муқобили Амрико

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон, Иҷлоси сеҷонибаи Эрон, Афғонистон ва Ҳиндро дар Кобул бо мавзуи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ, мусбат арзёбӣ кард ва афзуд: Дар ин нишастҳо кишварҳои мустақил метавонанд дар муқобили сиёсатҳои қулдурмобонаи Амрико истодагӣ кунанд.  

Баҳроми Қосимӣ, дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи ба оташ кашида шудани консулгарии Эрон дар Басра, ҷануби Ироқ ва ҳамла ба сафоратхонаи ҷумҳурии исломии Эрон дар Париж гуфт: Ин ду ҳодиса иртиботе бо якдигар надоранд.

Вай тасреҳ кард: Дар ҳодисаи Басра аносури мушаххасе талош карданд, дар як барҳаи хос ва бо таваҷҷуҳ ба вазъияти Ироқ, рӯи равобити ду миллат таъсир бигузоранд.

Вай афзуд: Ҳодисаи Париж ҳам мавзуи дигаре аст, ки аз сӯи гурӯҳаки террористӣ сурат гирифт.

Баҳроми Қосимӣ афзуд: Давлати Фаронса қавли мусоид дод, то тамҳидоти лозимро дар ин бора анҷом диҳад ва бо ҳамлакунандагон ба сафорати Эрон бархурд кунад.

Қосимӣ дар бораи ҳузури раисҷумҳури исломии Эрон дар Маҷмаи умумӣ ва Нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал гуфт: Сафари оқои Рӯҳонӣ ба Ню-Йорк фурсати муғтанамест, то Эрон дар сутуҳи мухталиф дидорҳои мутааддидеро бо сарони кишварҳо дошта бошад.

 

Барчасп