Рушди 80 дарсадии содироти Эрон ба Уммон
Сентябр 18, 2018 16:29 Asia/Dushanbe
Бар асоси омори гумруки ҷумҳурии исломии Эрон содироти коло аз Эрон ба Уммон дар 5 моҳи гузашта дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта, рушди 80 дарсадӣ доштааст.
Аббоси Абдулхонӣ, ройзани бозаргонии Эрон дар Уммон гуфт: Дар 5 моҳи гузашта беш аз як миллиону 100 ҳазор тонна коло ба арзиши 392 миллион доллар аз Эрон ба Уммон содир шудааст.
Вай афзуд: Маҳсулоте ҳамчун оҳан ва фулод, моеоти нафтӣ, газ, равғанҳои санъатӣ, доми зинда, масолеҳи сохтмонӣ, анвои сабзиҳои хурданӣ ва фарши мошинӣ, муҳимтарин ақломи содиротии Эрон ба Уммон маҳсуб мешаванд.