Интиқоди хатиби ҷумъаи Теҳрон аз сукути ҷомеаи байналмилалӣ дар қиболи фоҷеаи Мино
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i3820-Интиқоди_хатиби_ҷумъаи_Теҳрон_аз_сукути_ҷомеаи_байналмилалӣ_дар_қиболи_фоҷеаи_Мино
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз сукути кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар қиболи куштори зоирони Хонаи Худо дар фоҷеаи соли гузаштаи Мино ва пайгирӣ накардани илали вуқӯи ин фоҷеа интиқод кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 09, 2016 16:44 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди хатиби ҷумъаи Теҳрон аз сукути ҷомеаи байналмилалӣ дар қиболи фоҷеаи Мино

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз сукути кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар қиболи куштори зоирони Хонаи Худо дар фоҷеаи соли гузаштаи Мино ва пайгирӣ накардани илали вуқӯи ин фоҷеа интиқод кард.

Оятуллоҳ Аҳмади Ҷаннатӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, бо ишора ба гузашти як сол аз фоҷеаи Мино, ки дар он беш аз ҳафт ҳазор зоир ба хотири бетадбирии режими Оли Сауд кушта шуданд, гуфт: "Ҷойи тааҷҷуб аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ин ҷиноят сукут кардааст ва ҳеҷ эътирозе ба поймол шудани хуни зоирони Хонаи Худо намекунад".

Оятуллоҳ Ҷаннатӣ бо ибрози нигаронӣ аз идомаи фитнаангезиҳо ва амалкардҳои зиддиинсонии ваҳҳобиҳо гуфт: "Ин фирқа ҳамвора зидди манофеи мусулмонон гом бардоштааст ва пайравони он ҷузъи гумроҳоне ҳастанд, ки барои зарар расондан ба ҷаҳони Ислом аз ҳеҷ ҷинояте рӯйгардон нестанд".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин ба тасмими ахири Иттиҳодияи байналмилалии мубориза бо пулшӯӣ (fatf) зидди бархе афрод ва ниҳодҳои молии Эрон таъкид кард: "Ин ки афрод ва ниҳодҳои инқилобие монанди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки душманон онҳоро намеписанданд таҳрим кунанд, ҳаргиз барои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили қабул нест".

Оятуллоҳ Ҷаннатӣ тасмими Иттиҳодияи байналмилалии мубориза бо пулшӯиро дар чорчӯби хостаҳои абарқудратҳо, аз ҷумла Амрико донист ва гуфт: "Ин мавзӯъ бар хилофи маслиҳати миллат аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргиз ин тасмимотро намепазирад".