Сентябр 22, 2018 14:49 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” ба ду китобхона дар Испания

Китоби нафиси “Тамоми Наҳҷулбалоға” ба китобхонаи таърихӣ ва муҳими “El Escorialу”, китобхонаи бузурги исломии Мадрид дар Испания эҳдо шуд.

Ба гузориши ИРНА, Сайидсодиқи Мусавӣ, муаллифи китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” рӯзи ҷумъа ин китоби нафисро ба кашиш Луис Марино, мудири китобхонаи торихии “El Escorialу”- и Испания эҳдо кард.

Мусавӣ дар ин дидор дар хусуси гирдоварии ин китоб гуфт: “Китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” ҳосили ҳудуди 28 сол пажӯҳиш дар китобхонаҳои мухталифи ҷаҳон ва баррасии ҳудуди 80 ҳазор манбаъ аст.

Вай афзуд, китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” шомили суханони Имом Алӣ (а) имоми аввали шиаёни ҷаҳон дар қолаби хутбаҳо, номаҳо, аҳдномаҳо ва васиатҳо буда, ки бар асоси як ҳазору 200 санаду манбаи муътабар гирдоварӣ шудааст”.

Кашиши Луис Марино низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз дарёфти китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға”,  онро асаре бисёр муҳиму қобили истифода барои муҳаққиқон, ба вижа дар ҳавзаи исломшиносӣ дар китобхонаи “El Escorialу” донист.

Хонум Мария Гарсиа Мартин, мудири китобхонаи бузурги исломии Мадрид ҳам пас аз дарёфти китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға”, бо ибрози хушҳолӣ аз дарёфти ин китоб, онро нусхаи мунҳасир ба фарде унвон карду гуфт, бидуни шак вуҷуди китоби “Тамоми Наҳҷулбалоға” сабаби ғановати бештари китобхонаи бузурги исломии Мадрид мешавад”.