Сентябр 23, 2018 11:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози соли таҳсилии нави 14 миллион донишомӯз дар Эрон

Имрӯз якшанбе, аввали меҳри 1397 ҳиҷрии шамсӣ (23 сентябри 2018), мадориси саросари Эрон бозгушоӣ ва соли таҳсилии нав оғоз шуд.

Соли таҳсилии ҷадид субҳи имрӯз бо ҳузури ҳудуди 14 миллион донишомӯз ва як миллиону 700 ҳазор муаллим дар саросари Эрони исломӣ ба таври расмӣ бо навохта шудани занги яке аз мадориси Теҳрон тавассути Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд.

Пеш аз ин Муҳаммади Батҳоӣ вазири омӯзишу парвариши Эрон бо ишора ба изофа шудани ҳазору 100 мадрасаи давлатии нав ба мадориси ин кишвар гуфта буд: Беш аз 13 ҳазор донишомӯзи эронӣ дар 60 кишвари ҷаҳон ва 450 ҳазор донишомӯзи хориҷӣ дар соли ҷадиди таҳсилӣ дар Эрон машғӯл ба таҳсил хоҳанд шуд .