Сентябр 24, 2018 10:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон сиёҳпуши азои умумӣ

Ҳайъати давлати Эрон бо содир кардани баёнияе ҳамлаи террористии шанбеи гузашта ба мардум ва мудофеъони амният дар Аҳвозро маҳкум ва рӯзи душанберо азои умумӣ эълом кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, дар ин баёния омадааст: Ҳамлаи террористии рӯзи шанбеи гузашта ба мардум ва мудофеъони амнияти мардум дар Аҳвоз ба хубӣ нишон дод, ки душманони Эрон ҳадафе ғайр аз нобудии Эрон ва эрониро дунбол намекунанд ва дар куштори зиддиинсонии онон, зан ва кудак ва пиру ҷавон ва коргар ва сарбоз ҳама ба хотири инки эронӣ ҳастанд, ҳадафи кина ва ҷиноят қарор мегиранд.

Ин баёния меафзояд: гӯё душманон аз таърихи мо наёмухтаанд, ки ингуна бераҳмиҳо ба ҷои онки ҳарос ва тафриқа дар мардум эъҷод кунад, бар ваҳдат ва ҳамбастагии миллӣ меафзояд ва муқовимат ва истодагии миллати Эрон дар баробари таҷовузкунандагон ва ҳомиёни террористҳоро устувортар мекунад.

Давлати Ҷумҳурии исломии Эрон бо таслият ба мардуми диловари Хузистон ва хонаводаҳои сабур ва муқовими шаҳидон ва маҷруҳони ин ҳодиса имрӯзро, ки рӯзи ба хок супордани пайкари азизони миллат аст, азои умумӣ эълом мекунад ва бар амалисозии иродаи  миллати Эрон дар посухи муҳкам ва кубанда ба омилони паст ва тарроҳони залили ин ҷинояти террористӣ бо дироят ва қудрат пой мефишурд ва аз ҳамаи давлатҳо ба вижа ҳамсоягон мехоҳад, ки бо иқдоми сареҳ ва қотеъ бо гуруҳҳои террористӣ, ки дар ин ҷиноят нақш дошта ё аз он ҳимоят кардаанд, бархурд кунанд.