Роҳпаймоии намозгузорони ҷумъаи Эрон дар маҳкумияти ҷиноёти Оли Сауд
Мардуми Эрони исломӣ имрӯз пас аз иқомаи намози ҷумъа, дар маҳкумияти ҷиноёти Оли Сауд роҳпаймоӣ карданд.
Фарёди хашми уммати исломӣ алайҳи ҷиноёти шаҷараи малъуни Оли Сауд имрӯз дар саросари Эрон танинандоз шуд ва намозгузорони ҷумъа дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар аз ҷиноёти Оли Сауд дар қиболи мусулмонон ибрози танаффур карданд.
Мардуми Эрон дар ин роҳпаймоӣ ҳамчунин ба ҷиноёти Оли Халифа дар Баҳрайн алайҳи миллати мусулмони ин кишвар эътироз карданд ва иқдоми амалии муддаиёни дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар қиболи ин ҷиноёт хостор шуданд.
Роҳпаймоён бо шиорҳои "Марг бар Оли суқут", "Марг бар Оли Халифа", "Марг бар Исроил" ва "Марг бар Амрико" ҷиноёти ин режимҳоро маҳкум карданд.
Мардуми Эрон ҳамчунин бо шиори гиромибоди ёди шуҳадои Мино, зимни ҳамдардӣ бо хонаводаҳои бозмондагони ин фоҷеа, ҷиноёти Оли Саудро маҳкум карданд.