Сентябр 26, 2018 14:43 Asia/Dushanbe
  • Дидорҳои раисҷумҳури Эрон дар Созмони Милал

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи сафар ба Ню-Йорк бо теъдоде аз сарон ва мақомоти сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори ҷамъе аз раҳбарони ҷомеаҳои мусалмон дар Амрико гуфт, терроризми такфирӣ ва ДИИШ бузургтарин хатар барои чеҳраи раҳмонии Ислом аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидори Тереза Мэй, нахуствазири Англия, аз ҳимояти таблиғотии бархе расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла расонаҳои мустақар дар Англия, аз иқдоми террористии Аҳвоз, ки мунҷар ба шаҳодат ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди эронӣ шуд, интиқод кард ва гуфт: Рӯйкарди Эрон коҳиши таниш дар минтақа ва ҷаҳон аст, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ҳам рӯзи гузашта бо таъкид бар зарурати тавсеаи равобити ду кишвар дар бахшҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, молӣ ва энержӣ изҳор доштанд, монеае дар масири густариш ва амиқтар шудани ҳамкориҳои ду кишвар вуҷуд надорад.

Раиси Сандуқи Байналмилалии Пул, раиси иҷроии давлати Афғонистон, раисони ҷумҳурии Туркия, Боливия, Куба, нахуствазирони Норвегия, Арманистон ва Белгия ва ... аз дигар мақомоте буданд, ки бо Ҳасани Рӯҳонӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Мусоҳиба бо расонаҳои амрикоие монанди Си Эн Эн, Пи Би Эс ва Эн Би Си –и Амрико ҳам бахши дигаре аз барномаҳои раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи ҳафтодусевумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк буд.