Навзоди фавтшуда дар ғуслхона зинда шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38348-Навзоди_фавтшуда_дар_ғуслхона_зинда_шуд
Дар Эрон навзоде, ки шаш моҳа ба дунё омада буд, аммо дар ҳамон лаҳзаи аввали таваллуд фавт карда ва пизишкон марги ӯро тайид карда буданд, дар ғуслхона ҷони дубора гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 26, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • Навзоди фавтшуда дар ғуслхона зинда шуд

Дар Эрон навзоде, ки шаш моҳа ба дунё омада буд, аммо дар ҳамон лаҳзаи аввали таваллуд фавт карда ва пизишкон марги ӯро тайид карда буданд, дар ғуслхона ҷони дубора гирифт.

Амираббоси Обидинӣ, раиси созмони оромистонҳои шаҳрдории Урумия дар шимоли ғарби Эрон бо тайиди ин хабар гуфт: Навзоди норас шашмоҳа ба дунё омада, дар замони ғусли майит дар ғуслхона дубора дида ба ҷаҳон гушуд.

Вай дар шарҳи моҷаро гуфт: Падаре фарзандони дуқулуяшро, ки ҳар дуи онҳо шаш моҳа ба дунё омада ва фавт карда буданд, барои тай кардани риволи тадфин ба ғуслхонаи боғи Ризвони Урумия оварда буд, аммо яке аз навзодон дар ҳайни ғусл додан ҷон гирифт ва гиря кард.

Ба гуфтаи раиси оромистонҳои шаҳрдории Урумия, ин навзод бар асоси назари пизишки муолиҷаш ҳамаи алоими ҳаётии худро аз даст дода буд ва пизишки бемористон низ фавти ӯро тайид карда буд, аммо ба хости Худо ба зиндагӣ баргашт.