Сентябр 27, 2018 12:06 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Нишасти Шӯрои амният нишон дод Амрико танҳост

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал ба раёсати Доналд Трамп ҳам нишон дод, Амрико танҳо аст ва ҳамаи кишварҳо аз тавофуқи ҳастаӣ ҳимоят карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ зуҳри чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ ва дар ҳошияи Нишасти солиёнаи Маҷмаи умумии Созмони милал, ба унвони охирин барномаи сафари худ ба Ню-Йорк дар нишасти хабарӣ бо расонаҳои хориҷӣ ҳозир шуд, то ба изҳороти Доналд Трамп дар Нишасти Шӯрои амният посух диҳад.

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Аксарияти сарон ва масъулони кишварҳои ҷаҳон, боқӣ мондани Теҳрон дар БАРҶОМ-ро нишонаи тадбири давлати Эрон донистаанд ва дар нишасти имсоли Маҷмаи умумии Созмони милал низ аксарияти қотеи раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) ба унвони дастоварди дипломатия ҳимоят карданд.

Рӯҳонӣ дар ин нишасти хабарӣ гуфт: Амрико дар иқдоми зидди Эрон танҳо монда ва хуруҷи он кишвар аз БАРҶОМ мавриди тайиди кишварҳои ҷаҳон нест ва ба ҷуз чанд кишвари маъдуд, ҳамагон ин иқдомро иштибоҳи бузурги сиёсӣ медонанд.

 

Барчасп