Бузургдошти ҳафтаи дифои муқаддаси Эрон дар Тоҷикистон+Акс
Маросими бузургдошти ҳафтаи дифои муқаддас бо ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, вобастагони низомии хориҷии муқими Тоҷикистон ва эрониёни муқими ин кишвар дар Душанбе, баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ин маросим бо қироати оёте аз Қуръони маҷид ва Суруди миллии Эрон, оғоз шуд ва сипас Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон суханронӣ кард.
Фағонӣ ҳафтаи дифои муқаддасро ёдовари шуҷоат ва диловарии мардум ва размандагони эронӣ донист, ки ҳашт сол дар баробари таҷовузи режими Саддом, диктатори Ироқ ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон муқовимат ва фидокорӣ карданд ва дар ниҳоят нагузоштанд он режим ба ҳеч як аз аҳдофи худ бирасад.
Вай гуфт, акнӯн таърих ба шакли мутафовит дар ҳоли такрор аст, ҳамон касоне, ки дар он ҷанги нобаробар алайҳи Эрон натавонистанд Ҷумҳурии исломиро ба шикаст бикашонанд ва ба аҳдофи худ барои таҷзия барисанд, дар солрӯзи ҷанги таҳмилӣ ва оғози ҳафтаи дифои муқаддас, аз тариқи гурӯҳаки террористии “Ал Аҳвозия” дар як иқдоми террористии буздилона ҷамъе аз низомиёни ғайримусаллаҳ, мардум, занону кӯдакони бе гуноҳро дар шаҳри Аҳвоз ба шаҳодати расонданд ва талош карданд бо ин иқдоми зидди башарӣ, коми миллати Эронро талх кунанд.
Фағонӣ ташдиди иқдомоти хасмонаи Амрико алайҳи Эронро низ бидуни натиҷа хонд ва афзуд, хурӯҷи ғайриқонӯнии Амрико аз БАРҶОМ ва ташдиди ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон, тозатарин иқдоми зидди Эронии давлати Трамп аст, ки албатта натиҷае ҷуз инзивои бештари Амрико дар саҳнаи байналмилалӣ надорад ва боиси тақвияти худиттикоии Эрон, басиҷи миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии давлату мардуми мо хоҳад буд.
Муҳаммади Парвоӣ, вобастаи низомии сафорати Эрон дар Душанбе низ дар ин маросим ҳузур дошт ва барои ҳозирон суханронӣ кард.
Дар Эрон ҳашт сол дифо аз кишвар дар баробари таҷовузи Ироқ, дифои муқаддас номида мешавад ва ҳамасола дар рӯзҳои поёнии сентябр ба муддати як ҳафта аз диловариҳои размандагон ва исоргарон бо номи ҳафтаи дифои муқаддас, таҷлил мешавад.