Рӯнамоӣ аз сомонаи пешрафтаи оташнишонии ҳавоӣ дар Эрон
(last modified Sat, 29 Sep 2018 10:50:10 GMT )
Сентябр 29, 2018 15:50 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз сомонаи пешрафтаи оташнишонии ҳавоӣ дар Эрон

Аз дастоварди нави мутахассисони Созмони саноеи ҳавоии Вазорати дифои Эрон барои муқобила бо оташсӯзиҳои густурда рӯнамоӣ шуд.

Вазири дифои Эрон рӯзи шанбе дар маросими рӯнамоӣ аз ин дастоварди ҷадид гуфт, як ҳавопаймои “Ҷет” - и оташнишон 18 тон обро дар муддати кӯтоҳи 5 сония бар рӯйи масоҳати таъйиншудаи мавриди оташ, бо риояти улгӯи муносиб холӣ мекунад.

Ба гуфтаи амири сартип Амир Ҳотамӣ, ин сомонаи пешрафта ва модерн барои нахустин бор дар Эрон тарроҳӣ ва омода шудааст.

Вай дар бораи қобилиятҳои дастоварди ҷадиди мутахассисони Созмони саноеи ҳавоии Вазорати дифоъ афзуд, дар ҳоли ҳозир фанноварӣ ва қобилияти тарроҳӣ ва сохти сомонаи оташнишонии ҳавоӣ дар инҳисори кишварҳои андаке қарор дорад, ки мутахассисони санъати дифоии Эрон низ муваффақ ба тарроҳии ин сомона шудаанд.

Сартип Ҳотамӣ бо баёни ин ки имкони насби дастоварди ҷадиди мутахассисони Созмони саноеи ҳавоии Вазорати дифои Эрон барои муқобила бо оташсӯзиҳои ҳавоӣ бар рӯйи ҳавопаймоҳои мухталифи сангин низ муяссар аст, изҳор дошт, ин сомона метавонад бо оташсӯзиҳои густурда ва пурҳаҷм бо суҳулат ва қудрат муқобила кунад ва дар бартараф кардани масоили зистмуҳитие монанди резгардҳо низ қобилиятҳои фаровоне дорад.