Октябр 02, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти сементи Эрон ба Осиёи Марказӣ

Мудири кулли роҳи оҳани Хуросон (шимоли шарқи Эрон) гуфт: Дар нимаи нахусти имсол (1397 шамсӣ) содироти семент аз марзи рейлии Сарахс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл наздики се баробар афзоиш доштааст.

Муҳаммадҳодии Зиёимеҳр, мудири кулли роҳи оҳани Хуросон, эҷоди бозори ҷадиди сементи Эрон дар Узбакистон барои иҷрои тарҳҳои зербиноии он кишвар, талош барои таъмини вагони мавриди ниёзи содиркунандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавсеаи зерсохтҳоро аз далоили рушди содироти семент аз марзи Сарахс унвон кард. Зиёимеҳр афзуд: Мақсади аслии сементи содиротии Эрон аз марзи рейлии Сарахс, кишварҳои Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон аст.