Сентябр 09, 2016 20:20 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси ҷумҳурии Эрон ба давлат ва миллати Тоҷикистон дар Солрӯзи Истиқлол

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, фаро расидани Солгарди Истиқлоли ин кишварро ба вай, давлат ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Ба гузориш радиои тоҷикӣ, матни паёми раиси ҷумҳурии Эрон ба ин шарҳ аст:

"Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаро расидани Солгарди Истиқлоли кишваратонро ба ҷаноби олӣ, давлат ва мардум шариф ва мусулмони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар канори мардуми он кишвар буда ва ҳамвора талош кардааст бо эҷоди равобите амиқ ва дӯстона, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҷиҳати манофеи муштарак тавсеа диҳад.

Итминон дорам, пайвандҳои росих ва деринаи фарҳангӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон, ки дар тӯли таърих заминасози пешбурди муносиботи дӯстона ва наздики ду кишвар будааст, хоҳад тавонист мабнои ҳамкориҳои муштарак ва мутақобил дар куллияи заминаҳо буда ва равобити ҳасанаро беш аз пеш густариш диҳад.

Раиси ҷумҳурии Эрон дар поёни паёми худ барои давлат ва миллати Тоҷикистон муваффақият, беҳрӯзӣ ва сарафрозӣ орзӯ кардааст.