Алии Доӣ беҳтарин муҳоҷими таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё
(last modified Thu, 04 Oct 2018 09:27:50 GMT )
Октябр 04, 2018 14:27 Asia/Dushanbe

Устураи футболи Эронро корбарони сайти конфедератсияи футболи Осиё (AFC ) ба унвони беҳтарин муҳоҷими таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё интихоб карданд.

Алии Доӣ, ситораи пешини тими миллии футболи Эрон дар назарсанҷии ин сайт бо касби 59 дарсади оро ба унвони беҳтарин муҳоҷими таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё интихоб шуд.

Ҳафтаи гузашта ва дар фосилаи 100 рӯз то оғози рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё 2019, ки аз панҷуми январ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор хоҳад шуд, сайти конфедератсияи футболи Осиё эълом кард, ки тасмим дорад, бо орои корбарони худ беҳтарин тими таърихи ин рақобатҳоро интихоб кунад.  

Сайти конфедератсия барои шурӯъ, 9 муҳоҷими саршиноси таърихи Ҷоми миллатҳои Осиёро, ки номи Алии Доӣ низ миёни онҳо буд, интихоб кард ва аз корбарон хост, ду муҳоҷими бартари таърихи ин рақобатҳоро барои ҳузур дар таркиби тими мунтахаб, баргузинанд.  

Рақобати аслӣ байни Доӣ ва Ёсир Алқаҳтонӣ, муҳоҷими арабистонӣ буд, ки дар поён ситораи футболи Эрон гӯи сибқатро аз рақиб рубуд.