Октябр 04, 2018 21:06 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шаҳодати Имом Саҷҷод (а) таслият бод

Фардо 25 муҳаррами 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 5 октябри 2018 милодӣ ба ривояте мусодиф бо солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод(а) аз наберагони поки ҳазрати Расул (с) аст.

Имом Саҷҷод бо баҳрабурдан аз забони дуо ва хитоба, ба иршод ва роҳнамоии мардум мепардохтанд ва ҳосили андешаҳои маърифатшиносонаи вай дар қолаби ниёиш ва дуо дар китоби “Саҳифаи Саҷҷодия” гирдоварӣ шудааст.

Имомалӣ ибни ал Ҳусайн(а) дар шаъбони соли 38 ҳиҷрӣ дар Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва ба муддати 23 сол аз сарчашмаи дониши падари гиромишон имом Ҳусайн(ъа) баҳраманд шуданд.

Вай ба иллати посухи дақиқ ба ҳар пурсиш ва фузунии ибодат ва ниёиш, Сарвар ва зинатбахши ибодаткунандагон ном гирифтанд.

Имом Саҷҷод(а) ба иллати беморӣ натавонистанд дар ҳамосаи Ошӯро ҳузур ёбанд, аммо бо вуҷуди чунин шароите ҳамчунон ба дифо аз ҳаққонияти Ислом пардохтанд.

Эшон пас аз шаҳодати имом Ҳусейн(а) ва бо бар ӯҳда гирифтани рисолат, дар расондани паёми ҳамосаи Ошуро ба ҷаҳониён бисёр кӯшиданд ва бо хондани хутбаҳое машҳур ва кӯбанда, дар расво сохтани душманон ва дифоъ аз хонадони аҳли байт(а), нақши бисёр муҳиммеро ифо карданд. Саранҷом имом Саҷҷод (а), пешвои тақво ва бурдборӣ дар 55 солагӣ ба дастури Ҳишом ибни Абдулмалик дар Мадина масмум шуданд ва ба шаҳодат расиданд.

Пайкари мутаҳҳари эшон дар оромгоҳи Бақеъ дар канори амаки бузургаворашон, имом Ҳасан Муҷтабо(а) ба хок супурда шуд.

Сойт ва радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати имом Саҷҷод (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯяд.