Баргузории шаби Абулқосим Лоҳутӣ дар Теҳрон
Шаби Абулқосим Лоҳутӣ рӯзи 8 октябр дар Теҳрон баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузори ИСНА, шаби Абулқосим Лоҳутӣ бо ҳамкории маҷаллаи адабии Бухоро, Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ва Хонаи андешамандони улуми инсонӣ, рӯзи душанбе шонздаҳуми меҳрмоҳ баробар бо ҳаштуми октябр дар толори Фирдавсии Хонаи андешамандони улуми инсонии Теҳрон барпо мешавад.
Дар ин маросим Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон, Алӣ Деҳбошӣ, сардабири маҷаллаи Бухоро, Ҳадия Шарифӣ нависанда, Масъуди Ирфониён шоир ва Шоҳмансури Шоҳмирзо шоири тоҷик ва намояндаи фарҳангии Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии ЭКО, суханронӣ хоҳанд кард.
Хондани матне аз зиндаёд Муҳаммади Сипонлӯ ва намоиши филми мустанад низ аз дигар бахшҳои ин нишасти адабӣ аст.
Лоҳутӣ шоир, рӯзноманигор ва низомии фаъоли сиёсӣ дар 13 озари 1264 хуршедӣ баробар бо чаҳоруми декабри 1887 милодӣ дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон ба дунё омад.
Ӯ сурудани шеърро аз даврони навҷавонӣ ва ҷавонӣ дар Эрон шурӯъ кард, аммо бо саркӯби Ҷунбиши Лоҳутихон дар соли 1921 ва паноҳ бурдан ба Шӯравӣ, шоириаш вуҷӯҳи гуногун ёфт.
Лоҳутӣ дар 16 марти 1957 милодӣ дар осоишгоҳе дар Маскав даргузашт.