Сентябр 10, 2016 11:35 Asia/Dushanbe
  • Рекорди ҷаҳонӣ ва медали тилло барои бонуи тирандози эронӣ дар Паролимпии Рио

Бонуи тирандози эронӣ ба мақоми қаҳрамонии бозиҳои Паролимпии Рио дар бахши туфанги бодии 10 метр даст ёфт ва рекорди ҷаҳониро дар ин ришта ба номи худ сабт кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Сора Ҷавонмардӣ дар рақобат бо тирандозоне аз Туркия, Украина, Македония, Озарбойҷон ва Венгрия муваффақ шуд медали тиллои ин мусобиқотро аз они худ кунад.

Медали тиллои Сора Ҷавонмардӣ аввалин тиллои корвони Эрон дар мусобиқоти Паролимпии Рио аст.

Мусобиқоти Паролимпии Рио, вижаи варзишкорони маълул ва ҷонбози ҷанг, аз ҳаштум то ҳаждаҳуми сентябр дар Рио –де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад.

 Корвони варзиши Эрон бо ном "Мино" бо 111 варзишкор дар 12 риштаи варзишӣ дар ин мусобиқот ширкат кардааст.

Аз Тоҷикистон танҳо як нафар дар ин рақобатҳо ширкат кардааст.

Дар ин бозиҳо наздик ба 4500 варзишкор аз 176 кишвар дар 23 ришта мусобиқа медиҳанд.