Октябр 11, 2018 18:35 Asia/Dushanbe
  • Як иттифоқи камназир барои варзиши Эрон

Узви ҳайати раисаи Федератсияи варзишҳои нобиноён ва камбиноёни Эрон бо интишори акси хоссе дар Инстаграми худ, пирӯзии бузурги шатранҷбозони эрониро табрик гуфт.

Саид Аббоси Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон, ки узви ҳайати раисаи Федератсияи варзишҳои нобиноён ва камбиноёни Эрон низ ҳаст дар сафҳаи Инстаграми худ, акси хоссе аз барафрошта шудани парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусобиқоти осиёии Паралимпии Ҷакарта мунташир кард.

Ироқчӣ ҳамчунин навишт: «ин акс камназир аст, маросими имрӯз тавзеи медал дар риштаи шатранҷи нобиноён ва камбиноёни бонувон дар Паралимпии Ҷакарта, табрик ба бонувони нобино ва камбинои кишварамон».

Дар ин акс мушоҳида мешавад, ки мақоми аввал, дуввум ва сеюми мусобиқоти шатранҷи бонувони нобино ва камбинои Осиё ҳар се ба шатранҷбозони Ҷумҳурии Исломии Эрон расидааст.