Октябр 13, 2018 13:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси иҷроии давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон дар Душанбе бо якдигар дидор ва бар густариши равобити дуҷониба байни ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муртазо Сармадӣ рӯзи ҷумъа дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шангхай дар шаҳри Душанбе, дар дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон, бо ишора ба авзои амниятии минтақа, шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ, Сурия ва интиқоли афроди ин гурӯҳҳо ба Афғонистон ва таҳдиди кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон амнияти Афғонистонро амнияти худ медонад ва аз ҳар гуна кумак барои муқобила бо онҳо дареғ нахоҳад кард.

Муовини вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин бо таъкид бар истодагии Эрон дар муқобили таҳримҳои якҷонибаи ҷадиди Амрико зидди Теҳрон, аз шаклгирии тадриҷии иродаи ҷаҳонӣ барои бенатиҷа кардани таҳримҳо хабар дод.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар дидор бо муовини вазири хориҷаи Эрон, омодагии давлати Афғонистонро барои шитоб бахшидан ба раванди такмили санади ҷомеи ҳамкориҳои ду кишвар эълом кард ва гуфт, барқарории амният ва ҳамкориҳои иқтисодӣ аз авлавиятҳои давлати Кобул аст.

Нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шангхай, ки рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе оғоз шуд, рӯзи ҷумъа ҳам идома дошт.

Созмони Ҳамкории Шангхай дар 15 –юми июни 2001 дар Шангхайи Чин бо узвияти Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбакистон ва Чин таъсис шуд ва Ҳинду Покистон дар соли 2017 ба аъзои доимии ин созмон пайвастанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон узви нозири ин созмон аст.