Омодагии Эрон барои интиқоли таҷрибиёти пизишкӣ ба соири кишварҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38712-Омодагии_Эрон_барои_интиқоли_таҷрибиёти_пизишкӣ_ба_соири_кишварҳо
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли ҳашт сол ҷанги таҳмилӣ, дар ҳавзаҳои пизишкӣ ва дармон, таҷрибиёти зиёде ба даст овард ва омодаи интиқоли ин таҷрибиёт ба кишварҳои дигар аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 13, 2018 18:08 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои интиқоли таҷрибиёти пизишкӣ ба соири кишварҳо

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли ҳашт сол ҷанги таҳмилӣ, дар ҳавзаҳои пизишкӣ ва дармон, таҷрибиёти зиёде ба даст овард ва омодаи интиқоли ин таҷрибиёт ба кишварҳои дигар аст.

Саидҳасан Қозизодаи Ҳошимӣ имрӯз(шанбе) дар чаҳорумин ҳамоиши байналмилалии тибби низомии Осиё Посифик(Asia Pacific) дар Теҳрон, изҳор кард, мардуми Эрон ба унвони миллате, ки дар ҷанги нохоста, осебҳои фаровон дидаанд, сулҳ ва оромишро бузургтарин сармоя барои зиндагии солим дар тамоми арсаҳо медонанд.

Қозизодаи Ҳошимӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи пизишкӣ ба мавзӯи тибби низомиро қобили тақдир донист ва ибрози умедворӣ кард, рӯзе фаро расад, ки Созмони Милали Муттаҳид маконе барои табодули назар барои зиндагии беҳтари ҳамаи сокинони кураи замин бошад.

Вай ҳамчунин бо ишора ба баргузории чаҳорумин ҳамоиши байналмилалии тибби низомии Осиё Посифик дар Теҳрон тасреҳ кард, баргузории ҳамоише бо 117 кишвари узв, нишон диҳандаи таваҷҷуҳи ҷомеаи пизишкӣ ба ин муҳим ва хидматрасонӣ ба масдумони ҷанг аст.

Чаҳорумин ҳамоиши байналмилалии тибби низомии Осиё Посифик рӯзи шанбе дар Теҳрон баргузор шуд.

Ҳамоиши байналмилалии тибби низомии Осиё Пасифик(Asia Pacific) ҳар ду сол якбор баргузор мешавад, ки имсол раёсати давраии ин ҳамоиш ба Эрон вогузор шуд.