Октябр 15, 2018 16:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Афғонистон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, равобити Теҳрон ва Кобулро дерина хонд ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи душанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар посух ба саволе дар бораи густариши ҳамкориҳои Эрон ва Афғонистон гуфт, Афғонистон ҳамсояи муҳимми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва таърихи куҳани равобити ду кишвар эҷоб(талаб) мекунад, то ду тараф ҳамкориҳои ҷиддӣ дошта бошанд.

Қосимӣ ба коркарди кумитаҳои панҷгонаи Эрон ва Афғонистон дар ҳавзаҳои мухталиф ишора кард ва гуфт: баҳсҳои муқаддамотӣ барои нигориш ва тадвини санади ҷомеи ҳамкориҳои Эрон ва Афғонистон шурӯъ шудааст ва масоили матраҳ шуда дар кумитаҳои панҷгона ба натоиҷи хубе расидааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба интихоботи парлумонии 20-уми октябри Афғонистон ибрози умедворӣ кард, ин интихобот дар фазое ором ва мавриди қабули мардуми ин кишвар баргузор шавад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, дар интихоботи Афғонистон ҳар натиҷае ҳосил шавад, мавриди ризоят ва матлуби Эрон хоҳад буд.

 

Барчасп