Октябр 15, 2018 17:20 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари ҳамлаи интиҳорӣ ба сафорати Эрон дар Туркия

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Туркия хабари тахлияи бинои сафорати Эрон ва ҳар гуна бомбгузорӣ ва ахбори дигар дар ин заминаро такзиб кард.

Муҳаммадиброҳими Тоҳириёнфард дар мусоҳиба бо хабаргузории ИРНА гуфт, ҳамлаи интиҳорӣ ба сафорат, танҳо як таҳдид буд ва иқдоми хоссе сурат нагирифт ва ҳамакнун авзоъ оддӣ аст

Тоҳириёнфард изҳордошт, таҳдидро фарде анҷом дод, ки худро мунтасаб ба ДИИШ муаррифӣ карда буд ва пулиси Туркия дар пайи ин таҳдид, иқдомот ва тадобири амниятиро дар атрофи сафорати Эрон шиддат бахшид.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон низ бо такзиби хабари бомбгузорӣ дар сафоратхонаи Эрон дар Анкара гуфт, чунин иддаое дурӯғи маҳз аст ва коркунони сафорати мо дар саломат ва амнияти комил дар маҳалли кори худ ҳузур доранд ва машғули кори рӯзонаи худ ҳастанд.

Расонаҳои Туркия рӯзи душанбе эълом карданд, ба думболи вуруди як бомбгузори интиҳорӣ ба сафорати Эрон дар Анкара- пойтахти Туркия, тадобири амниятии шадиде дар атрофи ин сафорат иҷро шудааст.