Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гардишгарии Эрон ва Узбакистон
Сафири Узбакистон дар Эрон гуфт, кишвараш аз афзоиши муомилоти иқтисодӣ ва гардишгарӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Баҳодур Абдуллоев, сафири Узбакистон дар Эрон рӯзи душанбе дар дидор бо Алӣ Оқозода, устондори устони Марказии Эрон гуфт, дар ҳоли ҳозир 117 воҳиди тавлидӣ ва санъатӣ бо сармоягузории эронӣ дар Узбакистон фаъол ҳастанд, ки бештарин ҳаҷми сармоягузориро санъатгарон ва тоҷирони устони Марказии Эрон анҷом додаанд.
Абдуллоев афзуд, Узбакистон дар барқарории равобити гардишгарӣ дар канори равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон мусаммам аст.
Сафири Узбакистон дар Теҳрон, сиёсати раисиҷумҳури кишварашро густариши равобит бо кишварҳои ҳамсоя донист ва афзуд, бояд аз иштирокҳои таърихӣ ва фарҳангии Узбакистон ва Эрон дар ҷиҳати тақвияти муносиботи ду кишвар истифода кард.
Алӣ Оқозода, устондори устони Марказии Эрон ҳам дар ин нишаст, Узбакистонро пули иртиботии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ донист ва гуфт, бо таваҷҷуҳ ба собиқаи таърихӣ ва зарфиятҳои Эрон ва Узбакистон бояд, афзоиши мубодилоти иқтисодӣ ва гардишгарӣ мавриди таваҷҷуҳи масъулони ду кишвар қарор гирад.
Сафири Узбакистон дар Эрон рӯзи якшанбе низ дар шаҳристони Маҳаллот дар устони Марказии Эрон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои шаҳристони Маҳаллот дар заминаи истихроҷ ва тавлиди санг ва ҳамчунин тавлиди гул ва гиёҳони зинатӣ, Узбакистон аз густариши ҳамкории тиҷорӣ бо устони Марказӣ дар ин ҳавзаҳо истиқбол мекунад.
Арзиши мубодилоти тиҷории Эрон ва Узбакистон дар соли 2017, 325 миллион доллар буд.
Маҳсулоти петрошимӣ, анвоъи кафпӯш, писта ва чой, аз ҷумлаи колоҳои содиротии Эрон ба Узбакистон аст.