Октябр 17, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
  • Футболисти эронӣ беҳтарин мудофеи таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё

Футболисти эронӣ бар асоси назари корбарони сайти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ба унвони беҳтарин мудофеи таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё интихоб шуд.

Дар поёни назарсанҷии сайти Конфедератсияи футболи Осиё аз ҳаводорони футбол, Маҳдии Маҳдавикиё, капитани пешини тими миллии Эрон ва бошгоҳи Перспулис бо касби 79 дарсади оро ба унвони беҳтарин мудофеи таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё интихоб шуд.

Маҳдии Маҳдавикиё собиқаи 12 сол бозӣ дар тимҳои Бохум, Гамбург ва Ейнтрахти Франктфурти Олмонро дорад ва дар Олмон ба мушаки эронӣ маъруф буд.