Октябр 23, 2018 16:38 Asia/Dushanbe
  • Шиносоӣ ва нобудии се тем террористӣ дар ҷануби ғарби Эрон

Вазири иттилооти Эрон аз шиносоӣ ва нобудии се тими террористӣ дар устони Хузистон дар ҷануби ғарби Эрон хабар дод.  

Саидмаҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Эрон дар устони Хузистон дар ҷамъи хабарнигорон теъдоди аъзои дастгиршудаи се тими террористиро 15 нафар эълом кард ва гуфт: Террористҳои боздоштшуда эътироф карданд, ки қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар масири зоирони Арбаини Ҳусайни (а)-ро доштанд.

Вай афзуд: Дар кишварҳое монанд Фаронса аз ҳар 10 амалиёти террористӣ, нерӯҳои амниятии онон фақат тавонистаанд панҷ ё шаш мавридро кашф кунанд ва мобақии иқдомҳои террористӣ иҷро шуда, аммо дар Эрон аз ҳар 100 иқдоми амниятӣ, ки террористҳо дар талош барои анҷоми он буданд, 99 маврид кашф ва хунсо шудааст.

 

Барчасп