Эътирофи расонаи саҳюнистӣ ба амалиёти тимҳои террористии Мунофиқин дар Эрон
-
Эътирофи расонаи саҳюнистӣ ба амалиёти тимҳои террористии Мунофиқин дар Эрон
Порс-Тудей. Вебсайти саҳюнистии “Воло” дар гузорише ба баррасии нақши гурӯҳаки террористии Мунофиқин дар ҳаводиси ахир Эрон пардохт ва аз ҳузури фаъоли ҳастаҳои ин гурӯҳак дар иқдомоти харобкоронаву мусаллаҳона дар шаҳрҳои Эрон хабар дод.
Вебсайти саҳюнистии “Воло нюс” дар гузорише навишт, ки тимҳои террористии созмони Мунофиқин дар рӯзҳои ахир ба иқдомоти хушунатомезу харобкорона, аз ҷумла оташ задани даҳҳо сохтмони умумиву давлатӣ дар шаҳрҳои бузурги Эрон монанди Теҳрон, Машҳад ва Кирмоншоҳ рӯй овардаанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин расонаи исроилӣ афзуд: Ба оташ кашидани бархе амокини умумӣ дар рӯзи панҷшанбе дар Исфаҳон низ аз иқдомоти гурӯҳаки террористии Мунофиқин будааст.
“Воло” гузориш дод, ки гурӯҳаки террористии Мунофиқин пас аз интиқоли мақарри аслии худ ба шарқи Аврупо дар даҳаи гузашта, муваффақ ба эҷоди селлулҳои хуфта дар саросари Эрон шуда ва дар солҳои ахир аз роҳбурди ҷанги ҳибридӣ баҳра мебарад; таркибе аз ҳамалоти сойберӣ, харобкориҳои ҳадафманд ва даргириҳои мусаллаҳона.
Ин гузориш ҳамчунин ба собиқаи тӯлонии ҳамкории гурӯҳаки террористии Мунофиқин бо ниҳодҳои ҷосусии ғарбӣ, ба вижа Моссад ишора карду ёдовар шуд, ки дар соли 2003 аносири ин гурӯҳак иттилооти марбут ба таъсиси таъсисоти ғанисозии ураниуми Натанзро дар ихтиёри тарафҳои хориҷӣ қарор доданд.
Ин расонаи исроилӣ эътироф кард, ки дар рӯзҳои ахир гурӯҳаки террористии Мунофиқин ба бозуи низомии режими саҳюнистӣ дар дохили Эрон табдил шуда ва бо баҳрагирӣ аз тимҳои амалиётии худ, иқдомоти мусаллаҳонаву харобкоронаеро анҷом додааст.