Сентябр 10, 2016 20:00 Asia/Dushanbe
  • Авлавияти Эрон, тақвияти иртибототи иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя аз авлавиятҳои Эрон аст.

Иброҳими Раҳимпур, муовини Осиё ва Уқёнусияи Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз шанбе, дар нишасти муштараки устондорон, сафирон ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишварҳои мунтахаб дар Табрез (шимолу ғарби Эрон) афзуд, шароити минтақа бисёр сахт шуда ва бояд аз шароити пасотаҳрим ба наҳви матлуб баҳрабардорӣ шавад.

Раҳимпур ба зарфиятҳои ҳамкории Эрон бо кишварҳои ҳамсоя ишора кард ва гуфт, саҳми 15 кишвари ҳамсоя аз тиҷорати хориҷӣ бо Эрон ба ҳудуд 15 дарсад мерасад дар ҳоле, ки дар ҷаҳон муровидот бо кишварҳои ҳамсоя дар авлавият аст.

Вай бо баёни ин ки тиҷорат, санъат, транзит ва иттисоли кишварҳо ба ҳамдигар мӯҷиби амният мешавад, тасреҳ кард, ҳар ҳафта беш аз 150 парвоз байни Эрон ва кишварҳои ҳамсоя анҷом мешавад, ки зимни ҳазфи раводид байни Эрон ва се кишвар, бо Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон низ тасҳилоти раводид барқарор шудааст.

Раҳимпур бо баён ин ки Эрон аз лиҳози транзитӣ дар мавқеияти бисёр хубе қарор гирифтааст, хотирнишон кард, нишасти ахир байни сарони Ҳинд, Афғонистон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон гоми муҳимме дар истифодаи беҳина аз мавқеияти транзитии Эрон аст.

 

Барчасп