Рӯҳонӣ: Эрон Амрикоро ба зону дармеоварад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39039-Рӯҳонӣ_Эрон_Амрикоро_ба_зону_дармеоварад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба тавтеаҳои Амрико зидди Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иттихози тадобире, Амрикоро ба зону дармеоварад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 27, 2018 15:55 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон Амрикоро ба зону дармеоварад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба тавтеаҳои Амрико зидди Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иттихози тадобире, Амрикоро ба зону дармеоварад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи расидагӣ ба салоҳияти вазирони пешниҳодии роҳу ва шаҳрсозӣ, санъат, маъдан ва тиҷорат, таовун, кор ва рифоҳт иҷтимоӣ ва умурт иқтисодӣ ва дороӣ дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, бо ишора ба шикасти Амрико дар моҳҳои ахир аз Эрон, дар маҳофили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ гуфт, собиқа надоштааст, ки Амрико дар сатҳи ҷаҳон тасмими муҳиммеро алайҳи як кишвари бузург гирифта бошад ва ҳампаймонони суннатии Амрико, ин кишварро раҳо карда бошанд.

Рӯҳонӣ бо баёни инки пирӯзии миллати Эрон дар баробари Амрико як пирӯзии камназир дар таърих аст, афзуд, имрӯз ҷаҳон, миллати Эронро мутааҳҳид ба тааҳҳудоти худ ва Амрикоро аҳдшикан ва ҳамчунин ноқизи  қавонини байналмилалӣ медонад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Амрико бо таҳримҳои густурда алайҳи зиндагии мардум, бетардид бузургтарин душмани миллати Эрон аст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бар таомули бештари Теҳрон бо кишварҳои дӯст ва ҳамсоягон таъкид кард.