Ноябр 01, 2018 19:43 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Сенариясозии саҳюнистҳо дар Дания бепосух нахоҳад монд

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилал гуфт, сенариясозии саҳюнистҳо дар Дания зидди равобити Теҳрон ва Аврупо ва талош барои зарбаи иқтисодӣ ба Эрон, бепосух нахоҳад монд.

Давлати Дания асри сешанбе дар идомаи фазосозии ахири бархе кишварҳои аврупоӣ зидди Эрон, Теҳронро ба талош барои анҷоми як амалиёти террор дар хоки Дания, муттаҳам ва сафири Эронро дар он кишвар эҳзор кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилал, дар сафҳаи “Твиттер” худ ҳамчунин навишт, абзори таҳрим ба поёни хатт расидааст, ва эъмоли даври ҷадиди таҳримҳо зидди Эрон, ҷуз дамидан дар таҳрими равонӣ, ҳосиле барои Амрико нахоҳад дошт.

Қарор аст, даври дуввуми таҳримҳои Амрико зидди Эрон аз чаҳоруми ноябри 2018 дар бахши бонкӣ, мубодилоти молӣ ва фурӯши нефти Эрон иҷроӣ шавад.

Амрико то ин таърих ба харидорони нефти Эрон фурсат додааст, то хариди нефти худро аз Эрон ба сифр бирасонанд.

Аммо ончӣ аз воқеияти кунунии бозорҳои ҷаҳонии нефт мушоҳида мешавад, ҳазфи комили Эрон ба унвони сеюмин тавлидкунандат нефти Созмони кишварҳои содиркунандаи нефти (ОПЕК) имконпазир нест.

 

 

Барчасп